Пресс-центр

Бонки Халқии Қазоқистон қарори Шӯрои директорони Бонкро дар бораи ихтиёран барҳам додани бонки фаръӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСП "Халиқ Бонк Тоҷикистон"-ро эълон менамояд.

05.08.2021

Ҷамъияти Саҳомии «Бонки Мардумии Амонатии Қазоқистон» (минбаъд – «Бонк») (LSE: HSBK; KASE: HSBK, HSBKd; AIX: HSBK, HSBK.Y) қарори Шӯрои директорони Бонкро, ки 30 июли соли 2021 дар бораи ихтиёран барҳам додани бонки фаръӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Халиқ Бонк Тоҷикистон” (минбаъд - ХБT) қабул шудааст, эълон менамояд.

Қарор дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолият ва дурнамои рушди бонки фаръӣ қабул шудааст. Мувофиқи принсипи стратегии рушди соҳаҳои тиҷорат, аз тарафи гуруҳи Halyk  қарор қабул карда шудааст, ки аз лоиҳа дар Тоҷикистон хориҷ шавад, то тамаркузи захираҳо ва саъю кӯшиши Гурӯҳро ба лоиҳаҳои хеле самаранок ва фоидаовар бо иқтидори бузурги рушди минбаъда равона созад.

ХБТ ба ҳайати Гуруҳи Halyk дар натиҷаи ба даст овардани ҶС “Казкоммертсбонк” соли 2017 ворид шудааст. Ба ҳолати 31 марти 2021с. ҳиссаи ХБТ дар дороиҳои Гуруҳи Halyk 0,03% ташкил медиҳад.

 

Дар бораи Бонки Халқии Қазоқистон

Бонки Халқии Қазоқистон як гурӯҳи пешбари молиявӣ дар Қазоқистон буда, дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла хизматрасониҳои чакана, СХМ ва бонкдории корпоративӣ, суғурта, лизинг, хизматрасониҳои брокерӣ ва идоракунии дороиҳо фаъолият менамояд. Бонк аз соли 1998 дар листинги Биржаи Фондии Қазоқистон, аз 2006 дар Биржаи Фондии Лондон ва аз октябри соли 2019 дар Astana International Exchange мебошад. Бо дороиҳои 10,390 млрд. тенге ба 31 марти соли 2021 мебошад, Бонк яке аз ташкилотҳои молиявии пешбар дар Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад, ки дар давлатҳои ИДМ – Гурҷистон, Қирғизистон, Россия ва Узбекистон фаъолият менамояд. Бонк дорои бузургтарин пойгоҳи мизоҷон ва шабакаи филиалҳо мебошад - 640 филиал ва шӯъбаҳо дар саросари кишвар.